Имзои Созишномаи сулҳ саҳифаи наверо дар рушди давлатдорӣ боз намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Маҳз бо устуворӣ ва иродаи матини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуда, саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории навини кишвар боз намуд»,-гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ кормандонро ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Фитр табрик намуд. Таъкид кард, ки маҳз бо шарофати баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он дар кишварамон сулҳу субот пойдор шуд, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи аҳолии кишвар таъмин гардид.
Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






