Ироаи кумакҳои хайриявӣ ба марказҳои пиронсолон ва маъюбон
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтар, хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа, Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Филиали ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа кумаки моддӣ расонида шуд. Кумакҳо асосан аз маводи хӯрока- орд, шакар, биринҷ, макарон, картошка, пиёз ва равғани растанӣ иборат мебошад.
Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Хуршед Рауфзода иброз дошт: «Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба расонидани кумакҳои хайрия ба хонаҳои пиронсолон, маъюбону ятимон ва шахсони ниёзманд, кормандони Раёсат тасмим гирифтаанд, ки дар муҳлатҳои муайян ба қишрҳои ниёзманд кумакҳои моддӣ расонанд».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






