Истаравшан: Б. Иноятзода соҳибкоронро ба заҳмати софдилона даъват намуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода бо соҳибкорон доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд, дар мулоқот масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони сохторҳои дахлдор, соҳибкорони хурду миёна ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Баҳром Иноятзода иброз дошт, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди тиҷорат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
«Зина ба зина болоравии нишондиҳандаҳо дар самтҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, буҷет, нақлиёту алоқа, иҷтимоию фарҳангӣ нишон аз пешравию инкишофи бахшҳои хоҷагии халқ мебошад»,-гуфт Баҳром Иноятзода.
Ҳоло дар миқёси шаҳру деҳоти Истаравшан зиёда аз 12 ҳазору 407 нафар соҳибкорон фаъолият доранд. Имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорон бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, онҳо ният доранд, ки чанд иншооти дорои таъйиноти иҷтиморо дар рӯзҳои тақлили ин санаи фархунда мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Зимни мулоқот соҳибкорон оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шаҳр ва бартарафсозии муаммоҳое, ки дар фаъолияи соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Баҳром Иноятзода соҳибкоронро ба заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстона, инчунин ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ баҳри ободу зебо намудани Истаравшани бостонӣ даъват намуд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






