Корҳои бунёдӣ дар майдончаи варзишии маҳаллаи №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе босуръат идома доранд

Июнь 7, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 07.06.2017. /АМИТ Ховар/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт, ки 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдонҳои варзишию солимгардонӣ барои бозии кӯдакону наврасон вусъат меёбанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва соҳибкорони ватанӣ то охири соли равон дар қаламрави пойтахт иловатан 78 адад майдончаҳои муосири варзишию солимгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони соҳибтаҷрибаи бахши сохтмон ва меъморӣ идома доранд.

20170605_195200

Аз ҷумла, дар қисмати ғарбии  шаҳраки №92 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  чунин  як майдончаи варзишию солимгардонӣ  бунёд мегардад. Иншооти мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳаллаи мазкур бунёд гардида,   70% -и корҳои сохтмонии он  ба итмом расонида шудааст. Лоиҳаи сохтмони ин майдончаи варзиширо  кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»  тарҳрезӣ намудаанд, ки  он аз майдончаҳои гуногун барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдони солимгардонӣ барои кӯдакону наврасон иборат аст. Ҳамчунин мувофиқи лоиҳа бунёди  ҷойи нишаст дар атрофи мавзеъҳои истироҳатӣ ва дар майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии майдончаи варзишию солимгардонӣ 1190 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он пурра сабзкорӣ мегардад.

Дар майдончаи мазкур корҳои омодагӣ барои  шинонидани дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ оғоз гардида, дар ин қисмат насбу васли хатҳои обёрӣ  низ босуръат идома доранд.

Сохтмончиён талош доранд дар кӯтоҳтарин муҳлат корҳои сохтмониро ба анҷом расонида, майдончаро ба истифода диҳанд.

 

Рухсораи НУР

20170605_195258 20170605_195037

Июнь 7, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?