Маркази миллии тестӣ: ба киҳо холҳои имтиёзӣ дода мешавад?

Июнь 21, 2017 17:32

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо муқаррар гардида,  соли сеюм аст, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми тақсимоти довталабони аз озмун гузашта ба довталабони дорои имтиёз, ки холи гузариши фанниро соҳиб мешаванд, ба андозаи аз 50 то 150 холҳои имтиёзиро илова менамояд.

Дар робита ба ин сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Маркази миллии тестӣ  Мирзошариф Шодиев  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  чунин ибрози андеша  намуд:

«Холҳои имтиёзӣ миёни маъюбони гурӯҳҳои 1, 2  ва кӯдакони маъюб (150 хол),  ятимони кулл ва бепарастор (150), фарзандони то 21 — солаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд (100), шаҳрвандоне, ки 2 сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи хизмати ҳарбиро адо намудаанд (75), ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (мутаносибан аз 50 то 100), ғолибони озмуну фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи санъат (100), аъзои дастаҳои яккачини варзишӣ — дорандагони унвонҳои Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дараҷаи номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон   (100 хол) тақсим мегардад.

Дар сурати шомил будани довталаб дар якчанд гурӯҳи имтиёздор, яъне доштани ҳуқуқ барои гирифтани беш аз як имтиёз (ҳам маъюб ҳасту ҳам ғолиби олимпиада, ё ҳам ғолиби олимпиада мебошаду ҳам аз ноҳияи коэффитсиентдор ва ғайра) ба довталаб танҳо холи имтиёзии аз ҳама баланди ба ӯ муқарраршуда дода мешавад. Бояд  таъкид намуд, ки холи имтиёзӣ ба довталабон бо риояи мувофиқати дақиқи дастовардҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон дода мешавад.

Соли  гузашта довталабоне, ки барои дарёфти имтиёз аз қайд гузаштанд  1432 нафарро ташкил доданд. Ҳамчунин ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ихтисоси «Кори момодоягӣ» — и коллеҷҳои тиббӣ вобаста ба макони зист ва муассисаи таълимии хатмкарда тибқи муқаррароти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз соҳиб гаштан ба холи гузариши фаннӣ холи имтиёзӣ (ба таври коэффитсиент) ба натиҷаи имтиҳони қисми Б илова карда шуд.

Ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва коллеҷҳои тиббӣ, ки дар соли имтиҳонсупорӣ хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ба онҳо коэффитсиент ҷудошуда ва ҳам истиқоматкунандаи яке аз ҳамин ноҳияҳоянд, холи коэффитсиент пешбинӣ шудааст.

Довталабоне, ки ҳам ба холи коэффитсиент ва ҳам ба дигар имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, дар сурати зиёд будани холи имтиёзӣ аз холи коэффитсиент холи имтиёзиро ва дар акси ҳол холи коэффитсиентро соҳиб мегарданд.

Холи коэффитсиент ба холҳои аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ихтисоси «Кори момодоягӣ»- и коллеҷҳои тиббӣ, ки тибқи тартиб ҳуқуқи гирифтани холи коэффитсиентро доранд, танҳо дар сурати соҳиб гаштанашон ба холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор илова мешавад.

Қиммати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ин ғамхориҳо ба довталабон  ба хотири он аст, ки онҳо ҳарчи бештар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шаванд, ихтисоси писандидаашонро аз бар ва мутахассисони варзида гардида, ба Ватани азизи худ содиқона хизмат намоянд.

Июнь 21, 2017 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ