«Нест бод нашъамандӣ!»-эътирози ҷавонон зидди нашъамандӣ

Июнь 21, 2017 17:31

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Нест бод нашъамандӣ!»-таҳти чунин унвон дар майдони марказии шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон гурӯҳи калони ҷавонону наврасон ва сокинони касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъадор ҷамъ омада, эътирози худро алайҳи нашъамандӣ баён намуданд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар қисмати аввали чорабинӣ доираи васеи ҷавонон аксияи иттилоотӣ бо номи «Ҷавонон-зидди нашъамандӣ»-ро доир намуданд, ки дар ҷараёни он ҷавонон дар бозору кӯчаҳои шаҳр варақаҳои гуногуни иттилоотӣ паҳн намуданд. Дар қисмати дуюми намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, расму шиорҳои даъватӣ ва маърӯзаву иншоҳои ба ин мавзӯъ бахшидаи хонандагон ба маъраз гузошта шуд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ бахши фарҳанг ва муассисаҳои таълимӣ саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва барномаи консертӣ пешкаш намуданд.

 

 

 

Июнь 21, 2017 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд