Шерхон Салимзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД иштирок намуд

Июнь 12, 2017 11:34

ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт маълумот дод. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Шерхон Салимзода ҳамчунин таъкид намуд, ки масъалаи қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ва моддаҳои сахттаъсири психотропӣ ба Тоҷикистон ташвишовар боқӣ мемонад.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ   муовини Дабири кулли СААД  Ара Бадалян, муовини Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Белорус Андрей Втюрин ва дигарон ширкат варзиданд.

Аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд, баргузории амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, вусъат додани мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва бастани роҳҳои  қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ба ҳудуди давлатҳои СААД изҳори назар намуданд.

Июнь 12, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид