Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хадамоти гумрук
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ» ҷаласаи идона баргузор гардид.
Сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумрук Холмаҳмад Раҷабов ҳайати шахсиро аз номи роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба нақши ин санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.
Зикр шуд, ки бо шарофати ба имзо расидани ин санади тақдирсоз дар Тоҷикистон сулҳу суботи комил пойдор гардида, кишварамон ба марҳилаи рушд ворид гардид. Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлатамон заминаи мусоид муҳайё гардад. Дар ин росто, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик маънидод гардид. Зикр шуд, ки бояд неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, то дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа мушовир ва ҳамоҳангсози ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазонӣ Давлатов роҷеъ ба паҳлуҳои аҳамияти таърихии ин санади барои миллати тоҷик сарнавиштсоз сухан карда, нақши онро дар таҳкими сулҳу субот рушди давлатдории навини тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






