Тоҷикистон бори нахуст зинаи аввали Ҷоми гӯштини камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд
ДУШАНБЕ, 9.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Оренбурги Россия дастаи мунтахаби гӯштини камарбандӣ (кураш)-и Тоҷикистон зинаи аввалро ишғол намуда, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард. Дар ин бора аз Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд зикр кард, ки ду варзишгари тоҷик — Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа шарафёб гардиданд.
Чор варзишгари дигари тоҷик — Самандар Эрназаров (вазни беш аз 100 кг), Абдураҳмон Маматқулов (то 100 кг), Рӯзибой Сафаров (то 82 кг) ва Абӯэҳсон Ашӯрзода (то 75 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Тавре раиси Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон Анвар Қосимов хабар дод, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 8 варзишгар, мураббӣ ва ду довар иборат буд. «Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ зинаи аввали Ҷоми гӯштини камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд», -иброз дошт ӯ.
Акнун варзишгарони мо ба ду мусобиқаи пурнуфузи дигар — Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи июл дар Қазоқистон доир мегардад ва Бозиҳои 5-уми Осиё дар биноҳо (17-27 сентябр) омодагӣ мегиранд».








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






