Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он мебошад
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Табиати биҳиштосо ва рӯду дарёҳои мусаффои ватанро поку беолоиш нигоҳ медорем»-таҳти чунин унвон имрӯз дар кӯли фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳашар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.
Мақсади ташкили ҳашарро муовини раиси ҲҲДТ дар ноҳияи Сино Изатулло Ҳабибзод дар тоза намудани соҳилҳои кӯл дар фасли тобистон ва ба ин васила ҳифзи муҳити экологии маконҳои фарҳангиву фароғатӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҳашар аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок намуда, атрофи соҳили кӯлро аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза намуданд.
Бояд зикр намуд, ки кӯли фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон» дар фасли гармо яке аз маконҳои зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ба шумор меравад.
Ҳамарӯза сокинон ва меҳмонон аз ин макони дилкаш дидан намуда, дар соҳили кӯл зери дарахтони сояафкану ороишӣ истироҳат менамоянд ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи пойтахт вазифаи сокинони он ба ҳисоб меравад.










ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






