«Ваҳдат бақои миллат»-конференсияи назариявӣ –илмӣ
ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдат бақои миллат»-таҳти чунин унвон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури олимони соҳаи таърих, ҷомеашиносон, вакилони Парлумон, вакилони шаҳрӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ конференсияи назариявӣ –илмӣ баргузор гардид.
Конференсия бо ибтикори Кумитаи дар шаҳри Душанбе будаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Таъкид гардид, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 20-умин солгарди ба имзо расонидани санади муҳим ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Зикр шуд, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барои мардуми кишварамон дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихӣ буда, бо заҳматҳои зиёд ва хиради азалӣ ба даст омадааст.
Дар конференсия олимону коршиносон дар мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ:-назаре ба таърих ва дастовардҳо», «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дастоварди беназири халқу миллати тоҷик» ва дигар паҳлуҳои ба имзо расонидани санади таърихии сулҳи тоҷикон ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки ҳифзи сулҳу суботи кишвар дар шароити феълӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин дастоварди беназирро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






