Абдураҳмон Қодирӣ: «Кӯшиш дорем, ки фарқияти содироти молро бо воридот баробар созем»
ХУҶАНД, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кӯшиш дорад, ки дар ояндаи наздик фарқияти содироти молро бо воридот баробар созад. Ин нуқта зимни нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.
Раиси вилояти Суғд доир ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2017 сухан карда, баён намуд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввал бо натиҷаи мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Ба иттилои Абдураҳмон Қодирӣ, аз 90 корхонаи соли равон тибқи накша сохташаванда то имрӯз 29 корхона бунёд шуда, дар ин замина новобаста аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ гардиши савдои хориҷии вилоят низ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти соҳаи саноати вилоят нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 137,3 % -ро ташкил дода, ба беш аз 4,3 млрд. сомонӣ баробар шудааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ бақияи қарзи андоз 4,2 млн. сомонӣ кам гардида, дар натиҷаи танзими фаъолияти корхонаҳои коркарди ғалла истеҳсоли орд дар вилоят 4 маротиба зиёд шудааст.
Тавре Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иттилоъ дод, дар соҳаи кишоварзӣ низ натиҷагириҳо мусбат буда, дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ 43 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии нав ташкил ёфта, шумораи умумии онҳо то имрӯз ба 67 ҳазор расидааст. Кишоварзони вилоят дар ин давра ба андозаи зиёда аз 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад зиёд аст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






