Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ: пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳаи беҳдошти замин мебошад
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон баргузор гардид. Дар нишаст миёни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва муовини аввали директори Агентӣ Абдулло Қурбонзода ва сардорони шуъбаву раёсатҳои ин ниҳод суолу ҷавоб сурат гирифт.
Ба гуфтаи Абдулло Қурбонзода, ҳаққи хизматрасонии об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои 1м кубӣ замин 1,5 дирамро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро дар бобати обрасонӣ ба истифодабарандагон пурра иҷро карда бошанд, ҳам вале хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагон ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт намекунанд, ки ин боиси сар задани мушкилӣ мегардад. «Дар ҳамаи ноҳияҳо идораҳои беҳдошти замин фаъолият доранд, ки бевосита барои таъмиру истифодаи пойгоҳи обкашӣ сару кор доранд. Ҳоло ҳаққи хизматрасонии об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 1,5 дирамро ташкил медиҳад, ки ин миқдор маблағро танҳо аз 50 то 60 фоизи истифодабарандагон пардохт мекунанду халос»,-илова намуд Абдулло Қурбонзода.
Зикр шуд, ки пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳаи беҳдошти замин мебошад. Яке аз мушкилоти асосии Агентӣ сари вақт пардохт накардани маблағ аз ҷониби истифодабарандагон мебошад. Дар соли ҷорӣ бақияи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии Агентӣ 12,1 млн. сомониро ташкил дод, ки ин дар навбати худ боиси афзоиш ёфтани қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






