Агентии хоҷагии ҷангал бавуҷудоии чангу ғуборро ба иқлим мансуб медонад

Июль 25, 2017 14:43

ДУШАНБЕ, 25.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Мутахассисон бар он назаранд, ки яке аз  сабабҳои ба амал омадани чангу ғубор-  ин буриши аз ҳад зиёди дарахтону ҷангалзор мебошад. Ин нукта  имрӯз зимни нишасти хабарии роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигорони воситаҳои ахбори омма зикр гардид.

«Дар Тоҷикистон мавзеъҳои биёбону хушкии бузурге мавҷуд нест, ки сабаби сар задани чангу ғубор гарданд, танҳо дар қисмати ҷанубии кишвар мо ҳамагӣ 30- 40 гектар қумзор дорем, ки он ҳам қариб 50 фоизаш бо саксаул пӯшонида шудааст»,-гуфта шуд дар нишаст.

Бояд гуфт, ки масъулини Агентӣ ба вуқӯъ омадани чангу ғуборро дар кишвар ба иқлим вобаста медонанд: «Гарду ғуборе, ки дар кишвар ба амал меоянд, асосан аз сарҳад ба амал меояд- аз мавзеъҳои хушки Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон. Сарчашмаи чангу ғубор асосан  ҳамон «боди афғонӣ» аст, ки аз ҷониби сарҳади Афғонистон мевазад. Яъне ин ба ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон вобаста аст»,-таъкид карданд роҳбарияти Агентӣ.

Июль 25, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад