Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба 43 дараҷа мерасад

Июль 25, 2017 09:46

ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43 дараҷа мерасад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бархе аз ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят 30-35 дараҷа ва дар шарқи он  17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, ҳарорат 36 -41 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат дар водиҳо ба 35-40 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, 38 –40 дараҷа гарм мешавад.

Июль 25, 2017 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш