Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Исломӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар нишасти 44-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар шаҳри Абиҷони Ҷумҳурии Кот-д’Ивуар баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Музаффар Ҳусейнзода дар суханронии худ, аз ҷумла таъкид доштааст: «Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад».
Зимнан таваҷҷуҳи ҳозирин ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда шуд.
Таъкид гардид, ки дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва аз ин тариқ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз заминаҳои муассири пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад.
Дар ин нишаст ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат дошт.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






