Аввалин Намоишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мегардад

Июль 12, 2017 15:15

ДУШАНБЕ, 12.07.2017 АМИТ «Ховар». Даҳаи аввали моҳи июни соли равон дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон роҳбарони 20 кишвари олам, намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон дар расми тантанавии ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017 дар Остона иштирок намуда, бо технологияи наву муосир ва дигар дастовардҳо, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Дар Намоишгоҳ дар қатори гӯшаҳои (павилионҳои) зиёда аз  100 кишвари ҷаҳон, 20 ташкилоти байналхалқӣ ва 50 ширкати номдори ҷаҳонӣ иқтидори гидроэнергетикӣ, захираҳои обӣ, истифодабарии васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дурнамои рушди энергияи офтобӣ, дастовардҳои нави илм дар соҳаи рушди «энергияи сабз», мавзеъҳои сайёҳӣ ва осори таърихӣ-фарҳангии миллати тоҷик, инчунин тамоми имкониятҳо барои ҷалби бештари сармоягузорӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссари Генералии павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мавсуф инчунин гуфт: «Бо мақсади тарғиби бештари фарҳанг, анъана, иқтидори гидроэнергетикӣ ва фазои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон дар чорчӯбаи  Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО – 2017 ва дар ҷараёни кушодашавии расмии гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли равон   Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар раванди баргузории Рӯзи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ, бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон, садо додани Суруди миллии Тоҷикистон, баргузор намудани  номоишҳои фарҳангӣ, мулоқот бо намояндагони ВАО ва доираи соҳибкорон, баргузории форум ва шабнишнии фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ки бомуваффақият ба анҷом расонида шуданд».

Ҳайати Ҳукумати Швейтсария таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дидйе Буркхалтер зимни боздид аз гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳ чунин ибрози андеша карда буд: «Тоҷикистониҳо тавонистанд дар ЭКСПО-2017 тамоми ҷаззобияти кишвари зебои кӯҳиро нишон диҳанд. Швейтсария ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз ҷиҳати табиати нотакрори кӯҳӣ, дарёҳои пурмавҷ, кӯлҳо, манбаъҳои обҳои шифобахш ва олами набототу ҳайвонот ба ҳам монанд мебошанд».

Зикр гардид, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аввалин Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар ин раванд кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дастовардҳои гуногуни хоҷагии халқ ба намоиш гузошта шаванд.

 

Июль 12, 2017 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ