Ба боғҳои пойтахт шитобед! Ҳунармандони Варзоб, Файзобод, Филармонияи давлатӣ ва «Ориёно» ҳунарнамоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва Истиқлолияти давлатӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.
Имрӯз, 8 июл соати 16:00 дар боғҳои «Ирам», «Дӯстӣ» ва «Парчами давлатӣ» баргузории барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунарпешагон аз ноҳияҳои Синои шаҳри Душанбе, Варзоб ва Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, пагоҳ, 9 июли соли равон соати 16:00 дар боғҳои «Дӯстӣ», «Рӯдакӣ», «Парчами давлатӣ» ва «Ирам» барномаҳои консертии ҳунармандони ноҳияи Файзобод, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ ва ҳаваскорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






