Ба занони ноҳияи Балҷувон барои парвариши занбӯри асал шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 25.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 13 нафар зан аз оилаҳои камбизоатро бо 130 сар оилаи занбӯр, таҷҳизот барои парвариши занбӯри асал ва коркарди асал таъмин намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» хабар дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, барқарорсозӣ ва идоракунии устувори чарогоҳҳо, дастгирии занони маҳаллӣ дар самти коркарди асал равона гардидааст. Роҳбарияти Марказ зикр намуданд, ки ин гурӯҳи занон аз ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон мебошад ва дар ҷамоати мазкур барои парвариши занбӯри асал шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Тибқи маълумоти марказ, соли 2015 ин гурӯҳи занон бо оилаҳои занбӯри асал таъмин гардиданд ва давоми солҳои 2015-2016 дар маҷмӯъ 1300 кг асал истеҳсол карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






