Беш аз 38 фоизи кормандони «Амонатбонк»-ро занҳо ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба ҷалби кадрҳои масъулиятноку баландихтисос, махсусан аз ҳисоби занон ва ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар айни замон дар «Амонатбонк» 958 нафар занон фаъолият доранд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 52 нафар зиёд аст. Ин суханонро роҳбарияти Бонк зимни нишасти матбуотии БДА «Амонатбонк» ба хабарнигорон баён намуд.
Бино ба иттилои Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода, имрӯз 38,9 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 25 нафар дар сатҳи роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат 65 нафар духтарон баъди хатми донишгоҳҳои олии кишвар тавассути озмун дар Бонк ба кор қабул карда шуданд. Ҳамчунин 7 нафар аз кормандони Бонк дар хориҷи кишвар барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






