Бонки миллии Тоҷикистон: «Тангаҳои филизин ба муомилот бароварда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 24 милиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,0 фоизро ташкил дод. Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби бахшҳои саноат 21,3 %, кишоварзӣ 6,4 % ва гардиши савдои чакана 3,6 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар ин давра 5,9 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба 6 моҳи соли гузашта 2,8 % зиёд мебошад. Таваррум дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 8,3 %, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,3% ва хизматрасониҳо 4,9 % ба вуҷуд омад. Ин нуктаро имрӯз муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ҷ. Нуралиев зимни посух ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма зикр кард, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то 30 июни соли 2017 11,9 % коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2016 он 10,8 % коҳиш ёфта буд). Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА дар ин давра ба андозаи 11,7 фоиз баланд шуд (дар шаш моҳи соли 2016 он 5,5 % афзоиш ёфта буд) ва фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА айни ҳол андозаи 0,6 %-ро ташкил медиҳад.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мутаносибан 737 адад ва 2985 ададро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи терминалҳои электронӣ 690 адад зиёд шудаанд.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба фарсуда будани пулҳои 1,3 ва 5 сомонӣ зикр карданд, ки дар ояндаи наздик ба ҷои онҳо тангаҳои филизин ба муомилот баоварда мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






