ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИТТИЛООТИИ СОХТОРИ МИНТАҚАВИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
ДУШАНБЕ, 30.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре хонандагони мо иттилоъ доранд, 20 июли соли равон изҳороти АМИТ «Ховар» дар робита ба ворид намудани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба Феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) дарҷ гардида буд. Дар он гуфта мешуд, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ 29 январи соли 2016 мутобиқи Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст. Ҳамин тариқ, СҲШ, ки 8 кишвари ҷаҳонро бо қаламрави умумии 3,4 млн. км. мураббаъ ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ дарбар мегирад, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф кард.
28 июли соли равон СМЗТ СҲШ дар сомонаи худ http://ecrats.org/ru/news/6910 изҳороти расмиро дар ин бора ҷойгир намуд, ки матни пурраи он дар зер оварда мешавад:
Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.
Дар чаҳорчӯбаи сохторҳои соҳавии байналмилалӣ қабул гардидани феҳристи ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва рӯйхати шахсони кофтуковшавандаи ба фаъолияти террористӣ алоқаманд ба ҳалли ин масъала мусоидат менамояд.
Дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ тибқи қарорҳои СМЗТ СҲШ Рӯйхати ягонаи беш аз 3000 нафар шахсоне, ки бо ҷурми содир кардан ё муттаҳамӣ дар содир кардани ҷиноятҳои дорои характери террористию ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ аз ҷониби хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви СҲШ дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд (минбаъд – Рӯйхат), ва Феҳристи беш аз 100 ташкилоти террористию ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, аз ҷумла «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир ал Исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» , «Ансоруллоҳ» ва ғайра (минбаъд – Феҳрист) тасдиқ шудаанд ва амал мекунанд.
Ин Рӯйхат ва Феҳрист дар асоси маълумот ва қарорҳои мақомоти судии давлатҳои аъзои СҲШ, ки мутобиқи қонунгузории ин давлатҳо қабул гардидаанд, пайваста нав (таҷдид) карда мешаванд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






