Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таълим тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд
ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани илмҳои дақиқ ҳамеша диққати махсус зоҳир менамоянд ва дар ин раванд ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади мунтазамсозии раванди тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи коммуникатсионӣ факултети муштараки «Технологияи информатсионӣ»- и Донишгоҳи давлатии Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, номбурда инчунин зикр кард: «Мувофиқи шартномаи тарафайн дар факултети технологияи иттилоотии муштараки Тоҷикистон-Беларус донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин дар оянда ба таъмин намудани кадрҳои болаёқат дар самти амнияти компютерӣ ва технологияи иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард».
«Бо мақсади тақвият бахшидан ба идоракунии сифати таҳсилот, шурӯъ аз 16 январи соли 2017 дар сохтори таркибии Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шуд, ки дар баргузор намудани минбаъдаи мониторинги сифати таълим дар факултетҳои он саҳмгузор гардид», — гуфт Абдусалом Миралиев.
Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз донишгоҳҳои пурқувваттарин ва дорои базаи бойи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ дастпаварони он сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва ин боиси дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани раванд ва рушд кардани илми тоҷик мегардад.








Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад






