Дар Хатлон 176 нафар занон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар» /. Бо қарори Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 21 нафар занон соҳиби грант гардиданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар айни ҳол бо пешниҳоди лоиҳаҳо «Чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ», «Либосҳои миллии тоҷикии атлас ва попурӣ дар мӯди ҳозира», «Таъсиси сехи адрасбофӣ», «Курси омӯзиши дӯзандагӣ», «Таъсиси сехи дӯзандагӣ», «Гулдонбофӣ», «Ошхона, эҳёи хӯрокҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои кадбонугӣ» ва «Рушди соҳибкорӣ дар олами зебоӣ» фаъол гаштаанд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур 302 нафар бо ҷойи кор ва 176 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






