Дилшод Назаров маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд!
ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, Чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа Дилшод Назаров гурзро ба дурии 76 метру 69 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали тилло гардидааст. Мақоми дуюмро бо натиҷаи 73 метру 81 сантиметр Шизу Ванг аз Хитой ишғол кард. Медали биринҷиро бо натиҷаи 73 метру 77 сантиметр Ювунчул Ли аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиб шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ин ягона медали тими Тоҷикистон дар ин чемпионат аст. 6 варзишгари дигари Тоҷикистон – Даврон Атабоев дар сабқати дав (масофаи 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (800 метр), Алишер Пулотов, Азизҷон Абдуллоев (400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (200 ва 400 метр) аз медалҳо маҳрум монданд. Танҳо Кристина Пронженко натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни занон бо натиҷаи 54,62 сония дар даври финалӣ мақоми шашумро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари минтақаи Осиё эълон кард. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015 низ Қаҳрамони Осиё гардидааст. Акнун Дилшод Назаров ба чемпионати ҷаҳон, ки 4-13 август дар Лондон (Британияи Кабир) баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо як медали тилло дар чемпионати Осиё-2017 миёни 45 кишвар ҷойи 13-умро ишғол кард. Ҳиндустон бо 29 медал (12 тилло, 5 нуқра, 12 биринҷӣ) сазовори ҷойи аввал гардид. Варзишгарони Чин бо 20 медал (8, 7, 5) ҷойи дуюм ва Қазоқистон бо 8 медал (4, 2, 2) ҷойи сеюмро ишғол карданд.










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






