Хатлон: 6,4 млн. сомонӣ пулҳои фарсудашуда аз муомилот гирифта шуданд

Июль 15, 2017 09:31

ДУШАНБЕ, 15.07.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар бинои Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони бонкҳои тиҷоратии вилоят баргузор гардид.

Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд,  дар нишаст Алиҷон  Салимов — мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкии вилояти Хатлон дар нимсолаи якум сухан ронда, зикр намуд, ки дар ин давра қарзҳои додашуда ба соҳаи кишоварзӣ 162 млн. сомонӣ, соҳаи савдо ва тиҷорат 93,3 млн. сомонӣ, соҳаи саноат, сохтмон ва нақлиёт 202,7 млн сомониро ташкил додаанд.

Гуфта шуд, ки барориши пули нақд ба муомилот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят маблағи 648,3 млн. сомониро ташкил дод, ки аз он 212,5 млн. сомонӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппа ва 435,8 млн. сомонӣ ба минтақаи Кӯлоб рост омада, нисбати соли гузашта 34,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра дар вилоят 6,4 млн. сомонӣ пулҳои фарсудашуда аз муомилот гирифта шуданд, ки 4,7 млн. сомонии он аз минтақаи Қӯрғонтеппа ҷамъоварӣ шудааст, таъкид гардид дар ҷараёни нишаст.

Июль 15, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад