Иқтидори зеҳнӣ ва моддию техникии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои дигар кардани мақоми он шароит фароҳам овардааст
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи таҳлили сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2016-2017 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишон дод, ки сафи донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда нисбат ба сессияи зимистонаи соли таҳсили 2015-2016 ба 2,7% беҳтар шудааст. Имсол интихоби Донишкада аз ҷониби довталабон ба 39 ҳазору 305 нафар расид ва рейтинги он дар ҷои шашум қарор гирифт. Ин нуктаро имрӯз Ректори Донишкадаи молияи ва иқтисоди Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Қудрат Давлатзода ҳамчунин зикр намуд, ки иқтидори зеҳнӣ ва моддию техникии Донишкада барои дигар кардани мақоми он, яъне ба Донишгоҳ табдил гардиданаш шароит фароҳам овардааст ва ин масъала дар ҳоли коркард қарор дорад.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки дар Донишкада барои омода намудани муттахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ 6 факултет, 1 шуъбаи магистратура ва 27 кафедра фаъолият доранд, ки дар онҳо 409 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 14 нафар докторҳои илм ва 106 нафар номзадҳои илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб карда шуданд.
Ба иттилои роҳбарият, дар Донишкада барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 3 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи дорои 910 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шуда, фонди китобхонаи электронӣ низ ворид карда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






