Ҷилавгирӣ аз камғизоӣ миёни кӯдакон-мавзӯи аслии баргузории Форуми миллӣ

Июль 11, 2017 17:09

ДУШАНБЕ, 11.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дуюмин Форуми миллӣ дар мавзӯи ғизо, зери унвони «1000 рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллат» ба кори худ оғоз намуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалии рушд аз созмондиҳандагони Форум ба шумор рафта, мақсади он бартараф намудани  камғизоӣ дар байни кӯдакони Тоҷикистон тавассути равиши бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ, маориф, рушди иқтисод ва обу беҳдошт мебошад.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни суханронӣ аз пешрафти Тоҷикистон дар беҳдошти саломатии аҳолӣ ёдовар шуда, аз шарикон даъват намуд, ки минбаъд ҳам дар ҳалли мушкилоти ғизо якҷоя кӯшишу талош варзанд, то ягон кӯдак аз камғизоӣ ё худ сӯитағзия азият накашад.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев аз мушкилот ва паёмадҳои камғизоӣ миёни кӯдакон маълумот дода, зикр намуд: «Сӯитағзияи музмин (давомдор) ё қадпастӣ ҳанӯз ба 21 дарсади  кӯдакони синни аз 6 то 59-моҳа таъсири худро мегузорад. Дар ҳоле, ки занону кӯдакони зиёде аз норасоии микронутриентҳо, аз қабили камхунӣ ва норасоии йод тибқи тадқиқоти миллӣ оид ба ғизо, ки соли 2016 гузаронида шуда буд, азият мекашанд.

Бино ба зикри директори минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) Афшан Хан: «Вақте кӯдакон имконияти ягонаи худро бо сабаби ғизогирии нокифояи модарон ва навзодон дар давраи 1000 рӯзи аввали ҳаёт аз даст медиҳанд, ин омил давраи зиёну зарар, нокомӣ ва нобаробарии байнинаслиро абадӣ мегардонад. Ин нокомиҳо боиси талафоти бузург барои ҳамаи мо мегардад. Талафоте, ки омилҳои он қобилияти сусти азхудкунӣ, музди меҳнати камтар, сатҳи баланди бекорӣ, вобастагии зиёд ба кумакҳои давлатӣ ва давраҳои камбизоатии байнинаслӣ, ки монеи пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳар як нафар мегардад, мебошанд».

Дар Форум ҳамзамон  аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, аз ҷумла тоифаи атфол ва инчунин таъмини ғизои солим барои табақаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки баргузории Форуми миллии    «1000 рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллӣ»   то 12 июли соли равон идома меёбад.

 

Июль 11, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад