Имрӯз 3 июл, душанбе, 184-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 181 рӯзи дигар боқӣ монда аст

Июль 3, 2017 08:05

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

3 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришнаро ба ҳузур пазируфта буданд. Дар суҳбат масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амниятию низомӣ ва фарҳангию маърифатии ду кишвар баррасӣ гардида буд.

***

3 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуда буданд.

***

3 июли соли 2014 бо мақсади рушди муносибатҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Душанбе ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардидааст. Дар он ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ, пешрафти сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчунин таъсис додани корхонаҳои муштарак ва намояндагии онҳо дар ҳудуди ҳарду кишварро баррасӣ намудаанд.

***

5 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида буданд, ки яке аз онҳо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» буд.

3  ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.

  ***

Дар Беларус ва Алжир – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

3 июли соли  2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

***

Дар  ин рӯзи соли 2014 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон оғоз гардидааст.

***

3 июли соли  1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шудааст.

***

Инчунин 3 июли соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Мароккоро имзо намудаанд.

***

14 сол пеш, имрӯзи соли 2003 Фармондеҳи қувваҳои Америка дар Ироқ барои додани иттилоот оид ба макони ҷойгиршавии Саддом Ҳусейн, ки боиси ба қатл расонидани ӯ гардид, бо 25 миллион доллари америкоӣ қадрдонӣ карда шудааст.

***

3 июли соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҳамчун макони баргузории Бозиҳоии зимистонаи олимпӣ қабул гардидааст.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1886  муҳандиси олмонӣ Карл Фридрих Бенц аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузоштааст.

***

Соли 1915  дар Туркия аввалин маротиба пули қоғазӣ ба муомилот бароварда шудааст.

***

Соли 1928  аввалин телевизион ба фурӯш бароварда шудааст.

***

Соли 1995  аввалин шумораи рӯзномаи «Интерфакс-АиФ» нашр шудааст.

 

 

 

Июль 3, 2017 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст