Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борон ва раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳаво 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо ба 33-38 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, ҳарорат 36 – 38 дараҷаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






