Иштироки беш аз даҳ кишвари ҷаҳон дар намоишгоҳи «Тоҷикистон-2017»
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия, Чин, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии универсилалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/, ки аз 27 то 29 июли соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, ба намоиш мегузоранд. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошад.
Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи ташкили корхонаҳои муштарак, воридоти техникаю таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, инчунин табодули таҷриба аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» аст.
Интизор меравад, ки корхонаю ширкатҳои тавлидотии беш аз даҳ кишвари ҷаҳон молҳои саноатии худро дар намоишгоҳ, ки аз бахшҳои саноати энергетика, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нақлиёт, логистика, маҳсулоти нафтӣ, саноати кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бастабандӣ, хӯрока, дорусозӣ, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ иборат аст, ба намоиш гузоранд.








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






