Кишоварзони Муъминобод ба дарави ғалла оғоз намуданд
МУЪМИНОБОД, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои гуногуни давлатӣ барои беҳтар гардидани фаъолияти кишоварзон мунтазам онҳоро бо техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ таъмин менамояд.
Масалан давоми 5 соли охир танҳо ба кишоварзони ноҳияи Муъминобод беш аз 70 трактор ва дигар намуди техникаи муосири кишоварзӣ дастрас карда шуд. Бо истифода аз ин шароит деҳқонон маҳсулоти гуногуни кишоварзиро сари вақт ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариш намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода истодаанд.
Ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Муъминобод, соли равон истеҳсоли ғалладонагӣ ва картошкаю дигар намуди сабзавот зиёд гардида, аз ин ҳисоб сатҳи зиндагии сокинон беҳтар хоҳад шуд. Дар айни замон дар ҳамаи кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ҷамъоварии ғалладонагӣ босуръат идома дорад.
Агар дар водиҳои минтақаи Кӯлоб, хусусан дар заминҳои корами обӣ дарави ғалладонагӣ ба анҷом расида, кишти такрорӣ идома дошта бошад, вале кишоварзони ноҳияҳои кӯҳӣ акнун ба дарави ғалла оғоз намуданд. Дар ноҳияи Муминобод аввалин шуда деҳқонони ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин ба ҷамъоварии ғалла шурӯъ карданд. Дар ин ҷамоати деҳот 1950 гектар заминҳои кишт мавҷуд аст, ки дар қисмати зиёди он ғалла кишт карда шудааст.
Тавре раиси ҷамоати деҳоти «Шамсиддин Шоҳин» Талбак Ҳасанов ба мухбири «Ховар» иброз намуд, азбаски иқлими ноҳияи Муъминобод нисбат ба дигар ноҳияҳо фарқ мекунад, дар аксари мавзеъҳо ҳоло гандум пурра пухта нарасидааст. Дар ҷамоати деҳоти мазкур бошад, дар аксар заминҳо кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда, гандуми навъи маҳаллӣ коридаанд.
Ба гуфти сарагрономи ҷамоат, имсол ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб беҳтар мебошад ва боварӣ ҳаст, ки деҳқонон ҳосили фаровон ба даст меоранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






