Китоби «Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ» аз чоп баромад

Июль 14, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Международная контролируемая поставка» («Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ»)- таҳти чунин унвон китоби Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди институти таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ, ки то ҳол дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки ташаккули қонунгузорӣ, корҳои анҷомдодашудаи   даврони гузаштаро баҳогузорӣ намуда, дурнамои навро дар ин соҳа нишон диҳад.

Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон, судяҳо, прокурорҳо, олимон, омӯзгорон,  шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

 

Июль 14, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид