Либоси сиёҳ, бахусус сатру ҳиҷоб хоси фарҳанги миллиямон нест ва мо занон онро ҳеҷ гоҳ қабул надорем

Июль 21, 2017 15:06

ФАЙЗОБОД, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барои аз байн бурдани тақлидкорию бегонапарастӣ  ва пешгирии вуруди фарҳанги бегона  дар пӯшидани либос бахши  кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар асоси нақшаю чорабиниҳо дар якҷоягии гурӯҳҳои корӣ  дар бозорҳои ноҳия  ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  миёни фурӯшандаю харидорон ва ҷавондухтарони тақлидкор вохӯрию суҳбатҳои инфиродӣ доир менамоянд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Гул  Халифаева иброз намуд, ки  мақсад аз баргузор намудани  ин суҳбатҳо рӯ  наовардани занону бонувон ба фарҳанги бегона, махсусан  фарҳанги пӯшидани либос ва аз банди худнамоию таассуб,  тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо гардидани онҳо мебошад. Хушбахтона, он бонувону ҷавондухтарони ноҳия, ки   либосҳои сиёҳу  дарози ба фарҳанги мо хос набударо ба бар кардаанд, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муомилаю муносибати хуби  гурӯҳҳои корӣ, ҳақиқатро дарк карда, аз тақлидкорӣ даст кашиданд.

Яке аз занҳои собиқадори ноҳия Алқос Мавлонова гуфт:  «Муддатҳост  мо, занони  собиқадору фаъол миёни занону бонувони ноҳия дар тӯю маъракаҳо  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, занону духтаронро баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳунаромӯзӣ, касбомӯзӣ, пӯшидани либосҳои миллӣ  ва хотима бахшидан ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ даъват менамоем. Мо, бонувони тоҷик бояд бо либоси милии хеш  фахр намуда, ҳамеша аз фарҳанги тоҷикии хеш пайравӣ намоем. Либоси сиёҳ, бахусус сатру ҳиҷоб хоси фарҳангии миллиямон нест ва мо занон онро ҳеҷ гоҳ қабул надорем. Гузаштагони мо мегуфтанд, ки либосҳои сиёҳ қалбҳои бонувонро сиёҳ мегардонад ва сабаби ба бемориҳои рӯҳию ҷисмӣ гирифтор шудани онҳо мешавад».

 

Июль 21, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад