Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад: барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми «А» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми «А» оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар имтиҳони мазкур иштироки зиёда аз 14 ҳазор нафар довталабони азқайдгузашта дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, ки соли 2017 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 97 000 нафарро ташкил медиҳад.
Имтиҳонҳои даври асосӣ аз 1 то 15 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳоние, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, дар 14 шаҳру ноҳияи интихобӣ баргузор мегарданд.
Нишонии марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, довталабон метавонанд аз он истифода намоянд.
Тибқи нақша 25 июли соли равон довталабон аз натиҷаи холҳои бадастовардаашон огоҳонида мешаванд.








Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






