Пӯшидани либоси сиёҳ ба занон бадбахтӣ меорад-насиҳат аз гузаштагон

Июль 20, 2017 10:03

НУРОБОД, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод дар асоси мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар  бахшида ба 10-солагии қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои  аз байн бурдани  бегонапарастӣ ва тақлидкориву рӯ овардани занон ба фарҳанги бегона бо иштироки занони фаъолу собиқадор, ҷавондухтарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад, зикр шуд, ки фарҳанги либоспӯшии занони тоҷик   дар рушду инкишофи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори  милии инсон нақши муҳим мебозад ва он дар тинати одам эҳсоси зебоипарастӣ, озодагию хулқу рафтори ҳамидаро ҷой намуда, инсонро ҳушдор месозад, то хушбину хушрафтор бошад. Вале дар ҷомеаи имрӯзаи мо  одоби пӯшидани либоси  тоҷикӣ   фаромӯш шуда, занону духтарон  ба фарҳанги бегонаи кадом халқу миллат руй оварданашонро намедонанд.

Сокини ноҳияи Нуробод Гулрухсор Неъматова  иброз намуд, ки дар замони муосир бархе аз модарону хоҳарони мо ба таълиму тарбияи  дурусти фарзандон бепарвои зоҳир намуда, вақти пурқиммати  хешро ба тамошои филмҳои тарғибгари  фарҳангу маданияти бегона сарф мекунанд. Ҳамин  бепарвоию бемасъулиятии волидайн, хусусан модарон  ба он овардааст, ки  фарзандон аз одобу ахлоқи неки инсонӣ, фарҳангу маданияти либоспушӣ ва ҳунари волои ниёгон фарсахҳо дур монда истодаанд.

Собиқадори меҳнат аз ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод Шаъмигул Амиршоева гуфт: «Ман зидди либоспӯшии бархе аз занон ҳастам, зеро ин либоспӯшӣ хоси фарҳанги миллии мо нест. Ин тақлидҳои кӯркӯрона оқибати хуб намеорад. Насиҳати гузаштагони мо инаст, ки   пӯшидани  либоси сиёҳ  ба занҳо бадбахтӣ меорад».

Июль 20, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд