Пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ идома хоҳад ёфт

Июль 20, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати аз байн бурдани бегонапарастиву тақлидкорӣ  ва пешгирии вуруди фарҳанги бегона  дар пўшидани либос Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маркази савдои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шанхайбозор»  миёни фурӯшандаю харидорон суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дод.

Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки то ҳанўз миёни фурўшандаҳои бозор анъанаҳои тақлидкорӣ, рў овардани занону бонувон ба бегонапарастӣ ҷой дорад.

Ҳамзамон аз ҷониби бархе аз фурўшандаҳо ба фурўш баровардани сарбанде, ки бо номи «турба» муаррифӣ гардидааст, ба назар мерасад. Қисми зиёди занону бонувоне, ки барои харидорӣ ба маркази савдои номбурда меомаданд, аз банди худнамоӣ ва таассуби тақлидкориву ҷиҳозпарастӣ раҳо нагардида, бо либосҳои дарози ба фарҳанги мо хос набуда вориди бозор мешуданд.  Бархе аз занон бо бастани сарбанди  ба истилоҳ «турба» гаштугузор доштанд, ки бо чунин занон низ суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд.

Дар ин росто занону модаронро мебояд, ки фарзандони худро дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, баҳри нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, ки либос яке аз рукнҳои асосии он мебошад, мубориза барем.

Қобили зикр аст, ки чунин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маркази савдои мазкур дар байни бархе аз мардон низ гузаронида шуданд.

Июль 20, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд