РӮЗУ РӮЗГОРАТОН ШИРИН БОД! Дар бисёр кишварҳо 11 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоколад таҷлил мегардад

Июль 11, 2017 15:51

ДУШАНБЕ, 11.07.2017/АМИТ «Ховар»/.  11  июл — Рӯзи  умумиҷаҳонии шоколад   (World Chocolate Day) аст.  Он бори нахуст   соли  1995 аз ҷониби фаронсавиҳо  таҷлил гардида,  ҳамчун «рӯзи ширин»  дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон,  бахусус Аврупо ҷашн гирифта мешавад.

Шоколад ширинии қадимӣ буда, дорои таърихи ҳазорсола аст. Агар таърихи ба роҳ мондани истеҳсоли шоколадро варақ гардонем, шоҳиди он мегардем, ки бори  нахуст испаниҳо дар Аврупо усули ба роҳ мондани истеҳсоли шоколадро  ҷорӣ намуданд.  Ҳарчанд испаниҳо саъй намуданд, то усули истеҳсоли шоколадро махфӣ нигоҳ доранд, то дигар халқу миллатҳо  нозукиҳои омода намудани онро аз худ накунанд,  вале  ба онҳо мушарраф нагардид, балки тарзи омода намудани шоколад бо тадриҷ ба дигар кишварҳо  паҳн шуд.  Ин аст, ки дар қарни 17 дар бархе аз кишварҳои Аврупо қаҳвахонаҳо ташкил гардида,  дар онҳо фурӯши нӯшобаи шоколадӣ  ба муштариён ба роҳ монда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки истеъмоли шоколади тираранг манбаи моддаҳои  зиёди фоиданок буда, табъи касро болида мегардонад. Инчунин  шоколад барои одамон сарчашмаи ба вуҷуд овардани ҳиссиёти хушбахтист ва ба  системаи асаб  таъсири мусбат  расонида, рӯҳи касро болида мегардонад, неруву тавоноӣ мебахшад. Мутахассисон бар он назаранд, ки  дар таркиби шоколад  гипотеза мавҷуд аст, ки  он хусусияти мубориза бар зидди бемории саратонро дошта,  раванди пиршавии организми  инсонҳо  низ  то андозае бозмедорад.  Ҳамзамон олимон ба шахсоне, ки фарбеҳанд  ё  вазнашон нисбат ба синнашон аз меъёр зиёд аст, тавсия медиҳанд, ки шоколад истеъмол намоянд.  Одамоне, ки бештар шоколад истеъмол менамоянд, аз синну солашон ҷавонтар ба назар мерасанд. Инчунин пажӯҳиши густурдаи олимон  тасдиқ кардааст, ки  одамоне, ки мунтазам шоколад мехӯранд, камтар ба бемориҳои дилу раг ва инсулт дучор мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Рӯзи байналмилалии шоколад дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон дӯстдорони  ин ширинии қадимӣ  ба фабрикаю корхонаҳҳои қаннодӣ рафта,   бо усули истеҳсоли шоколад аз наздик шинос мегарданд, бо мутахассисон ва қаннодон  доир ба тарзи омода намудани шоколад  суҳбат мекунанд, аз дастовардҳо ва пешрафти соҳаи истеҳсоли шоколад бохабар мегарданд. Инчунин дар Рӯзи байналмилалии  шоколад  дар баъзе аз давлатҳо ҷашнвораҳо ва ҳар гуна чорабиниҳои гуногуни дилхушкунанда гузаронида мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардумаш дар радифи сокинони дигар давлатҳои ҷаҳон шириниро дӯст медоранд, бештар шоколадро атрофи як пиёла чой дар ҷамъи хонавода, ҳамкасбон ва ёру дӯстон истеъмол менамоянд, ки он на танҳо хушҳолию тавоноӣ мебахшад, балки барои   таҳкими риштаи дӯстӣ ва афзудани меҳру муҳаббат байни  аҳли хонавода, ҳамкасбон ва ёру дӯстон заминаи боъэтимод  мегузорад.  Инчунин  дар аксар маврид ёру дӯстон, ҳамкасбон  дар иду  ҷашнҳо ва рӯзи  мавлуд ба ҳамдигар дар радифи гулдаста ҳатман як бастаи шоколадро хамчун рамзи ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои нек   ва комёб шудан ба рӯзгори рангину гуворо  ҳадя менамоянд ва мегӯянд: «Рӯзу рӯгоратон ширин бод!»

Дар Тоҷикистон нисбат ба шоколад ва дигар шириниҳо талабот  зиёд аст. Ин аст, ки дар бисёр марказҳои савдо, фурӯшгоҳҳо, ки барои шоколад ва дигар шириниҳо махсус гардонида шудаанд, дар радифи шоколад ва дигар маҳсулоти қаннодии истеҳсоли кишварҳои  Россия, Украина, Қазоқистон, Туркия  навъҳои  гуногуни маҳсулоти шоколадии  фабрикаи «Ширин», ширкатҳои  «Амирӣ», «Шириниҳои Шарқ» ва ғайра  ба фурӯш  гузошта шудаанд.

Марзия САИДЗОДА

шоколад-1

Июль 11, 2017 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид