Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва объёрӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал рӯзи душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли 2017 мутобиқи нақшаи таҳиягардида нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон соати 9:00 дар маҷлисгоҳи бинои кӯҳнаи Бонки миллӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 23/2 (рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ) таъйин шудааст.
Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июл, соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) баргузор мешавад.
Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2017 ба бинои Донишкадаи мазкур рӯзи 24 июл, соати 8:00 субҳ даъват кардааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар вақти баргузории нишасти матбуотӣ ба нахустин хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дипломҳои тахассусӣ супорида мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






