Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба фаъолияти худ дар нимсолаи аввали соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи таҳиягардида пагоҳ, 13 июли соли 2017 нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор мешаванд.
Нишасти матбуотии Академияи илмҳо соати 9:00 ва нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешаванд.
Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» намояндагони ВАО-ро соати 9:00 барои иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017 ба бинои маъмурии корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (кӯчаи Н. Қарабоев, 56) даъват кардааст.
Хотиррасон менамоем, ки нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






