Роштқалъа: Сулаймоншо замини санглохро ба ҷангалзор табдил дод

Июль 6, 2017 10:56

ХОРУҒ, 06.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Шохиризми ноҳияи Роштқалъа Сулаймоншо Давлатқадамов бо аҳли хонаводааш ҷангали нобудшудаи деҳаро дуввумбора барқарор карданд. Масоҳати ин ҷангал 7 гектар буда, шумораи дарахтони сояафкану сафедор то ба 15 ҳазор расидаанд. Ба гуфтаи ин ҷангалбон, дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷангалпарварӣ низ усули нави идоракунӣ ҷорӣ шуд, ки пас аз он ҷангалҳои куҳна барқарор карда шуданд ва дар замини бекорхобидаву шӯразор ҷангалҳои нав доман паҳн намуданд.

«Мутобиқи усули нав як қисми ҷангалҳо ба ҳоҷагиҳои инфиродӣ ба иҷора дода шуданд. Ман низ яке аз ҷангалҷои деҳаро, ки дар аввали солҳои 90-ум комилан аз байн рафта буд, ба иҷора гирифтам. Дар соли аввал наздик ба 1000 бех ниҳол шинондам, аммо азбаски ҷангал дар канори рӯдхонаи кӯҳӣ ҷойгир аст, дар фасли тобистон об онро зер мекард ва дарахтонро шӯста мебурд»,-мегӯяд Сулаймоншо Давлатқадамов.

Номбурда чанд сол пеш дар чаҳорчӯби барномаи «Ғизо дар ивази кор»-и СММ 15 тонна орд гирифта, шаш нафар ҳамдеҳагони худро барои мустаҳкам кардани соҳили рӯдхона ҷалб намуд. Онҳо дар масофаи зиёда аз 500 метр соҳили рӯдхонаро девор кашиданд.

Як оила дар ноҳияи Роштқалъа тавонист замини санглохро ба ҷангалзор табдил диҳадЯке аз дигар мушкилоте, ки намегузошт дарахтон хуб нашъунамо ёбанд, ин ба таври кофӣ мавҷуд набудани об буд. Сулаймоншо Давлатқадамов бо кандани наҳр дар масофаи 5 километр тамоми дарахтони ҷангалро аз об таъмин кард. Ҳоло ният дорад, ки дар ин наҳр моҳӣ парвариш намояд. Ба гуфтаи  ҷангалпарвар, аз вилояти Суғд тухми ангатро оварда, дар як канори ҷангал, дар майдони як гектар  боғи ангат бунёд кард.

Дар айни ҳол  ин замини як замон санглох  ба як ҷангали зебо ва ҷои тамошо табдил ёфтааст. Дар баробари ин ҳамасола аз  ҷангали мазкур  беш аз 400 метри кубӣ  ҳезум ва 10 метри кубӣ  чӯб  барои сохтмон  содир карда мешаванд.

 

Июль 6, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад