Сафири Франсия дар Тоҷикистон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард

Июль 5, 2017 16:52

ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории  гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Франсия имрӯз зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар баррасӣ гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Абдуфатоҳи Ғоиб зикр кард, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Тоҷикистон ва Франсия фароҳам меоварад. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои савдои хориҷа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар соли 2015-ум  9,7 миллион доллари амрикоиро  ташкил дод, ки он дар соли гузашта 34 фоиз афзуда,  ба 13 миллион доллар расонида шуд. Дар панҷ моҳи соли равон бошад,  гардиши мол байни  ду кишвар 2,1 миллион доларро ташкил дод.

Дар мулоқот  ҳамзамон лоиҳаи сохтмони манораи назоратию диспетчерии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  баррасӣ гардид. Сафири Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.

 

Июль 5, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ