Сафири Тоҷикистон дар Берлин бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2017./АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Сафир Маликшо Неъматов бо ҳамраиси бахши олмонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия оид ба ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ, роҳбари Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чини Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Германия Катрин Оеллерс ва сардори бахши Тоҷикистон дар раёсати номбурда Клаус Тансбергер мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар Германия иттилоъ доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо раванди иҷроиши бандҳои Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия оид ба ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ барои солҳои 2016-2017-ро мавриди баррасӣ қарор дода, амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди минтақавиро мусбӣ арзёбӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон дар навбати худ зарурати идома додани ҳамкориҳо дар самтҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, пешгирии офатҳои табиӣ бо сабаби дигаргуншавии иқлим, рушди минтақавӣ, инчунин лоиҳаҳои фаромарзӣ бо дарназаргирии кишвари ҳамсояи Афғонистонро мувофиқи мақсад шуморид.
Дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо баргузории машваратҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникии байни Тоҷикистону Германияро дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бамаврид шуморида, изҳори боварӣ намуданд, ки ҷонибҳо дар ин машваратҳо самтҳои нави ҳамкориҳоро низ баррасӣ хоҳанд намуд.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






