Сатҳи хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июль 21, 2017 14:40

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар маҷлисгоҳи ҶСК «Тоҷик Эйр»  масъалаи ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе,  Роҳи оҳани Тоҷикистон, қонунвайронкуниҳои кормандони корхонаву ташкилотҳои зериназоратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар нақлиёт фаъолиятдошта мавриди таҳлилу баррасии Прокурори нақлиёти Тоҷикистон Абдурашид Кишварзода қарор гирифт.

Абдурашид Кишварзода иброз намуд, ки ҳарчанд сатҳи хизматрасонии бағоҷи тайёраҳо, ҳаракати қатораҳо, ҳимояи ҳуқуқи мусофирон, хизматрасонии рӯизаминӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардида бошад ҳам, аммо он ба талаботҳои имрӯзаи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй нест.

Ба гуфтаи номбурда, имрӯз масъулони соҳаи мазкурро мебояд сатҳи хизматрасониро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, барои бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш  намоянд.

P1110615«Гарчанде қочоқи маводи нашъаовар ва дигар молу ашё, дуздӣ ва  мушкилоти дер омадани бору бағоҷ, бақайдгирии парвози тайёра ва қонуншиканиву ҷиноятҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва  Роҳи оҳани Тоҷикистон кам шуда бошад ҳам, вале  дар баъзе ҳолатҳо  ба чашм мерасад. Имрӯзҳо арзу шикоятҳои шаҳрвандон, хусусан шаҳрвандони хориҷӣ оид ба хизматрасонии кормандони фурудгоҳ,  назорати сарҳадбонон, гумрукчиён ва дигар мақомотҳои дахлдори шаҳри Душанбе боиси ташвиш гардида, мусофирон аз кашол ёфтани санҷиши бору бағоҷ ва муносибати дағалонаи кормандони соҳа шикоят мекунанд. Ин амал боиси паст шудани обрӯи давлату кишвар, фурудгоҳҳои ватанӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Роҳи оҳани Тоҷикистон мегардад»,- гуфт Прокурори нақлиёти Тоҷикистон.

Ба иловаи номбурда, бояд кормандони корхонаву ташкилотҳои зериназоратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар нақлиёт фаъолиятдошта ҳамчун мутахассиси соҳа софдилона хизмат намоянд ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд.

Ба иттилои Прокурори нақлиёти Тоҷикистон, дар давраи соли 2016 – 2017 аз тарафи Прокуратураи нақлиёт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 71 нафар кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон  парванда боз шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Июль 21, 2017 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд