СОЛИ ҶАВОНОН ВА ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН. Шинос шавед: Шаҳёда

Июль 5, 2017 16:34

ДУШАНБЕ, 05.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Мо тасмим гирифтем зери рубрикаи «СОЛИ ҶАВОНОН ВА ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН» ҷавононеро, ки дар ин ё он соҳа маҳорати баланд нишон додаанд, муаррифӣ намоем. Имрӯз маводи нахустинро аз ин силсила ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш намуда, зимнан  хоҳиш менамоем: агар шумо низ  ин гуна ҷавонони соҳибистеъдодро мешиносед, ба мо хабар диҳед.  

Дар шумораи моҳи июни маҷаллаи  «Паёми Суғд» ашъори шоираи ҷавону умедбахш  Шаҳёда интишор шуд. Шаҳёда 3 октябри соли 1998 дар  ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи ашхоси бофарҳанг ба дунё омадааст. Ба назари мухлисони шеър ва коршиносони соҳаи адабиёт,  бо вуҷуди ҷавонӣ у шеъри бенуқсону комил мегӯяд. Тавре шоира Адибаи Хуҷандӣ навиштааст: «Ашъори Шаҳёда пур аз гулҳои садбаргу савсан, лолаву настарани бадеъият ва эҳсосоти дилошӯби ҷавонист».

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Шаҳёда Шарипова дар тамос шуда, бо чанд савол ба ӯ муроҷиат намуд:

 

САВОЛ: Шаҳёда, аввалин шеърат дар бораи чӣ буд ва онро кай навишта будӣ? Оё он дар ягон ҷо чоп шудааст?

ҶАВОБ: Аввалин шеърамро дар сини 14-солагӣ дар бораи модари азизам навишта будам. Не, мутаассифона, дар ҷойе чоп нашудааст

САВОЛ:Меҳри шеъру адабро кӣ ва ё чӣ дар дилат ҷой кардааст?

ҶАВОБ: Ман аз хурдӣ духтари шеър будам. Аҳли оилаи мо ҳама шеърдону шеърхонанд. Шояд ҳамин муҳити зебо маро ба шеър гуфтан водор намуд.

САВОЛ:Ҳоло ҷойе кор мекунӣ ё машғули таҳсил ҳастӣ?

ҶАВОБ:Ман дар Донишкадаи забонҳои ба номи устод Сотим Улуғзода таҳсил мекунам. Ихтисосам тарҷумонӣ аст, вале касби дигарро пазируфтан барои эҷоди шеър монеа намешавад. Шеърро ҳама ва дар ҳама ҳолат гуфта метавонанд.

САВОЛ: Суруду мусиқиро дӯст медорӣ? Бештар чиро?

ҶАВОБ: Албатта. Мусиқӣ дар зиндагии ҳар касе, ки бо шеър сарукор мегирад, нақши муҳим дорад. Гуфтан мумкин, мусиқӣ ба шеър ҷони дигар мебахшад. Шеърро на ҳама мехонанд, аммо мусиқиро ҳама мешунаванд. Таъсири шеър ба мардум бо ёрии мусиқӣ бештар мегардад.

САВОЛ: Дар шеърҳоят асосан ишқро тараннум мекунӣ. Аз назари ту, ишқ чист- дилбастагии ду нафар ё чизе аз он бештар?

ҶАВОБ: Бале, дар ин мавзӯъ менависам. Кист, ки бе рӯшании ишқ зиста метавонад?! Ҳатто кӯдаки гаҳвора ба модараш муҳаббат дорад. Бояд тамоми зиндагиро ошиқона дид ва тамоми умр бояд бо ишқ зиндагӣ кард, бо ишқи Ватан, ишқи модар, ишқи ёру диёр, ишқ ба илму дониш ва зебоию нафосат. Он гоҳ зиндагӣ ҳамчунон зебо хоҳад буд.

САВОЛ: Шаҳёда, имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудааст.  Ба назари ту, чаро?

ҶАВОБ:  Тавре ки худи Ҷаноби Олӣ борҳо гуфтаанд, ҷавонон ояндаи давлату миллатанд. Яъне  давлату миллати моро дар оянда чӣ интизор аст  аз он вобаста аст, ки имрӯз ҷавонони мо  чӣ гуна таълиму тарбия мегиранд, ахлоқу одоб ва сатҳи маърифаташон чи гуна аст, илму донишашон дар кадом поя қарор дорад, машғули кадом пеша ҳастанд, ба чӣ шавқ меварзанд ва оянда кадом касбу корро ихтиёр карданӣ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат ибтикори  Пешвои миллати мо саривақтӣ ва хеле муҳим аст. Ва мо, ҷавонон ифтихор мекунем, ки чунин Сарвари оқилу дурандеш дорем, зеро медонем, ки ояндаи неку дурахшон моро дар пеш аст.

 ***

Шахёда ШариповаВа ҳоло, бо истифода аз ин фурсат, чанд шеъри нави шоира Шаҳёдаро пешкаши ҳаводорони назм мегардонем.

 

Дигар биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан,

Қаҳри замину ашки саморо ба ҳам бизан.

Лабханд бахш лаҳзаи дидор бар манат,

Эй бовар, эй умед, ҷафоро ба ҳам бизан.

Як зиндагию ҳар ду ҷаҳонам туӣ дигар,

Дар ёди кас мабош, хаторо ба ҳам бизан.

Қисматнавис қиссаи зебо навиштааст,

Ҳар кас, ки хост дурии моро, ба ҳам бизан.

Бигзор, то ки ханда шавад шеърҳои ман,

Дигар биёву фосилаҳоро ба ҳам бизан.

***
Тамоми хотираҳои туро ғазал кардам,

Туӣ ба дафтари дил беҳтарин ғазалдардам,

Туӣ, ки ними нигоҳат маро намегирад,

Манам, ки дар раҳи ишқи ту як абасгардам,

Чӣ ҳоҷат аст дигар сарвати ду дунёро,

Ки ман барои сару пои ту дил овардам.

Ту як табассуми хуршед дар шабистонам

Ва ман ба чашми баҳории ту фақат сардам.

Зи ёд бурда чу паймони ишқи зеборо,

Худо кунад, ки шавӣ зори ман ту номардам.

Тамоми шеъри дилам маънии туро дорад,

Туӣ ба дафтари дил беҳтарин ғазалдардам.

***
На биё, на илтифоте бикуну на эътиборе,

Ки дигар вафо бимурдаст зи ҷаври интизорӣ,

Ҳама ҷо ту будӣ, аммо ҳама ҷо надида будам,

Ҳамагӣ хатат задам ман зи китоби дӯстдорӣ.

Чу гуле зи шавқи рӯят бахудо намешукуфам,

На барои ман азизӣ, на барои ман баҳорӣ.

Ту сукути хандаҳоӣ, на дигар ба пои моӣ,

Бари ман дилат наларзад зи хумору беқарорӣ.

Агарам иҷоза бошад зи ту илтимос дорам,

Ба лабони хеш ҳаргиз дигар исми ман наорӣ.

На биё, на нома бинвис, на суроғи хонаам ҷӯ,

Ки баҳор ху гирифта ба хазони интизорӣ.

 

Июль 5, 2017 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020: омодагиҳо ба ин маъракаи сиёсӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудаанд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Раиси КМИР Абдуҷаббор Қодирзода ҳамсуҳбат шуд
Узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмад: «Рӯдакӣ нахустин ва бузургтарин шоирест, ки ашъори баланду пухта гуфта, шеъри форсиро ба камол расонидааст»
Гавҳар Осимӣ: «Барои падарам, Муҳаммад Осимӣ, мақоми инсон олӣ буду шахсияти одам муқаддас!»
Нигина Ализода, муовини якуми Вазири адлия: «Санадҳои қабулгардида Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ намуданд»
РАВЗАНАИ ЯГОНАИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ АМАЛИЁТИ СОДИРОТИЮ ВОРИДОТӢ ВА ТРАНЗИТӢ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба ин низом мегузарад
Махфират Хидирзода: «Баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуд аст»
НИРУИ БУЗУРГИ ЗЕҲНИЮ ҶИСМОНИИ ДАВЛАТ. 12 август-Рӯзи байналмилалии ҷавонон
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҲУШМАНД. Пойтахти мамлакат дар татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешсаф аст
САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ: «Дар чунин вазъият дилхоҳ кишвари ҷаҳон қобилияти таъмин кардани тамоми дархостҳои шаҳрвандони худро дар хориҷа надорад»
ҲАДАФИ АСОСӢ – ДАСТГИРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мутахассиси Вазорати рушди иқтисод ва савдо шарҳ медиҳад
«МО ҲАМАГӢ МАСЪУЛЕМ, ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛ АСТ!». Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дод
Виктор Ким: «Ман роҳи интихобкардаи Ҳукумати Тоҷикистон – карантини нармро комилан дастгирӣ мекунам»