ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 31 июл, душанбе, 212-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 153 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 31, 2017 11:03

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд.

***

  31 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карда буданд. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошуда баррасӣ гардида буд.

***

3 сол пеш, 31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ гардиданд. «Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад», -изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар карда буданд.

31 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи занони Африқо.

***

Дар Конго – Рӯзи оғози табаддулот.

***

Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи падар.

 

РӮЙДОДҲО:

31 июли соли 1920  Ҳизби коммунистии Британия Кабир таъсис дода шудааст.

***

  31 июли соли 1941 дар ИМА полиси ҳарбӣ ташкил гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1959 роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи таъсис додани майдони тафтишотии яроқҳои ядроӣ дар Замини Нав қарор қабул кардааст.

***

52 сол муқаддам, 31 июли соли 1965 дар телевизионҳои Британияи Кабир  рекламаи тамоку манъ карда шуд.

***

31 июли соли 1994 шӯрои Амнияти СММ барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дода буд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 ба Исроил муҳоҷири шумораи  миллион ворид шудааст.

***

Соли 1971 ситорашиноси америкоӣ аввалин маротиба ба моҳ баромад.

Июль 31, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст