ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 25, 2026 08:00

25 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзуи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон» суханронӣ намуданд.

***

25 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО,  Шоҳзодаи Нидерланд  ва муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка мулоқот анҷом доданд.

***

 25 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир  намуданд.

25 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии дорусозӣ

***

Дар Мозамбик – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

25 сентябри соли 2024 дар доираи нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор»  баргузор гардид.

***

26 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.

***

25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 6-уми прокурорҳои генералии давлатҳои   аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар  он ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода иштирок намуд.

***

25 сентябри соли 2006  дар шаҳри Душанбе ба муносибати 10- солагии таъсиси Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ноҳияи Данғара Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.

***

25 сентябри соли 2013 дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1939 дар Олмон барои фурӯши нон ва орд меъёр муайян карда шуд.

***

Соли 1991 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дар бораи манъи интиқоли аслиҳа ба Югославияро маъқул донист.

***

Соли 1818 табиби англис Ҷеймс Бланделл аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон амалиёти хунгузарониро аз як нафар ба нафари дигар анҷом дод.

***

Соли 1996 дар Русия аввалин нашриёти мусиқавии «СОЮЗ» рӯнамоӣ шуд.

***

Соли 2017  ТАСС хабар дод, ки дастаи Тоҷикистон ғолиби аввалин Чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои сафоратҳо дар шаҳри Москва гардид.

Сентябрь 25, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, душанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, якшанбе, 291-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, шанбе, 290-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, ҷумъа, 289-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, панҷшанбе, 288-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст