ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 27, 2026 08:00

27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар доираи саммити СММ оид ба мавзуи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон буд, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии «Роғун» шинос шуданд.

27 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ.

***

Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.

***

Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

РӮЙДОДҲО:

27 сентябри соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

***

27 сентябри соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

***

27 сентябри соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» ба истифода дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Cоли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Сентябрь 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, якшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, шанбе, 262-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, ҷумъа, 261-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, панҷшанбе, 260-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, чоршанбе, 259-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст