Тоҷикистону Афғонистон «Долони сабз»-ро роҳандозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мақомоти гумруки Афғонистон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал аз дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон дидан намуд.
Зимни боздид гурӯҳи кории байналмилалӣ бо роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии гумрукии «Панҷи — Поён» вохӯрӣ намуд. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода иброз намуд, ки дар ҷараёни боздиди ҳайат байни намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон вохӯрии дуҷониба баргузор гардида, «Оид ба масъалаи фаъолияти системаи Боркашонии байналмилалии автомобилӣ /ББА/ (Carnet TIR)» ва «Долони сабз» барои ББА ва «Доир ба масъалаи ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зикр шуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Афғонистонро фароҳам меоварад. Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалӣ гардидани муқаррароти Протоколи мазкурро барои густариши соҳа ва рушди мақомоти гумруки ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳайати мақомоти гумруки Афғонистон аз толорҳои назорати гумрукии «Панҷи Поён» дидан карда, бо фаъолияти кормандон ҳангоми истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва шабакаи муштараки мубодилаи маълумоти гумрукӣ, инчунин таҷҳизоти назоратию рентгении муосир шинос шуданд.
Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалии дуҷониба ва амалӣ гардонидани Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, ки 30 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, шабакаи муштараки мубодилаи гумрукии иттилоотӣ аз низоми санҷишӣ ба таври доимоамалкунанда гузаронида шуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






