Туҳфаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба сокинони Душанбе
ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар шаҳри Душанбе барои сокинони бинои 93/1-и хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ид болои ид омад: онҳо ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ соҳиби майдончаи фароғатию варзишӣ гаштанд, ки аз ҷониби Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайзода, сардори Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самеъ иштирок карданд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар саҳни ҳавлии бино шароит барои истироҳати бошандагон ва бозии бачагон шароити зарурӣ набуд. Тавре сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъдӣ Қодирзода гуфт, тавассути ҷидду ҷаҳди кормандони ниҳод симои он ба куллӣ тағйир дода шуд. Масоҳати беш аз 1500 метри мураббаи майдонча хеле зебо ва бо се даромад панҷара гирифта шуд. Дар дохили он се айвони фароғатӣ, майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардида, 8 курсӣ гузошта шудааст. Атрофи майдонча барои гашту гузори сокинон кошинкорӣ гардид. Ҳамзамон барои ба вуҷуд овардани муҳити созгори фароғатӣ масоҳати 400 метри мураббаъ сабзазор карда шуда, дар он ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонда шуданд.
Ҳангоми боздид аз майдончаи нав Маҳмадсаид Зувайдзода барои замонавию ҷолиб обод намудани як гӯшаи пойтахт ба кормандони Хадамоти зиддинҳисорӣ арзи сипос намуд.













Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад






